Роҳбарияти вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз қисми ҳарбӣ дидан намуд
Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вазъи будубоши хизматчиёни қисми ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Роҳбарияти вилоят аз пойгоҳи моддӣ–техникии ҳарбӣ, вазъи ҳолати техникӣ, ҷойи хоб ва дигар шароити қисми низомӣ дидан кард. Масъулин дар бораи омодабошии қисми ҳарбӣ ва мавҷудияти пойгоҳи моддию техникии қисми ҳарбӣ ба тариқи амалӣ намоиш пешниҳод намуданд.
Дар вохӯрӣ бо афсарону аскарони қисми низомӣ иброз гардид, ки аз оғози таърих миллати тамаддунсози тоҷик соҳиби артиши худ буда, баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, арзишҳои давлатдорӣ ва дифоъ аз ҳуҷуми аҷнабиён қаҳрамониҳои бемисл нишон додааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамчун сипари боэътимоди давлат таҳкимбахши истиқлоли миллӣ, муҳофизи ваҳдати саросарии мардум, ҳимоятгари марзу буми мамлакат, кафили амнияту суботи меҳан буда, дар ин муддат рисолати бузурги худро дар назди халқу Ватан иҷро менамоянд.