Дар «Амонатбонк» масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросим баррасӣ шуд
Риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баррасӣ карда шуданд.
Дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар ҷаласа кормандони бонк, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
16 соли амали қонун бозгӯи он аст, ки дар самти ба низом даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои милливу динӣ, инчунин дигар суннатҳои мардумӣ нақши барҷаста гузоштааст. Инчунин он садди роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиби ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» тасдиқ шуд, ки ҳадафи асосии он муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии мамлакат мебошад.
Дар ҷаласа ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Таъкид гардид, ки қонуни мазкур бо мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккули сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат моҳи декабри соли гузашта қабул гардид.
Иштирокдорони ҷамъомад инчунин доир ба пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ибрози назар намуданд.
Иброз гардид, ки аҳли ҷомеаро зарур аст, то тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созад, ки ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шаванд.
Дар анҷом гуфта шуд, ки бояд аҳли ҷомеа барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсили ғайрирасмии динӣ дар хориҷи мамлакат, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, инчунин азхудкунии донишҳои зарурии дунявӣ саҳми муносиб гузорад.