Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб Мусобиқаи байналмилалии қаиқронӣ доир мешавад

 Аз 20 то 24 март дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қайиқронӣ  баргузор мегардад. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Мусобиқаи мазкур бахшида ба  Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2023 баргузор гардида, дар он  иштироки 120 варзишгар аз  12 давлати дунё пешбинӣ шудааст.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE