ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Ҷоми Осиё-2023 бо дастаи Урдун бозӣ мекунад

Имрӯз, 2 март дар доираи қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «С» баргузор мешавад. Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун бозӣ мекунанд.

Бозӣ соати 17:00 оғоз мешавад. Бозиҳои футбол тавассути шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» мустақиман пахш мегардад.

Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «С». Даври 1

2 март (панҷшанбе)
Оғоз – соати 17:00

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE