Дар Душанбе таҳти унвони “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо тренинги байналмилалӣ баргузор мегардад
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар якҷоягӣ бо Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH), Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) ва шарикии Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (CHA) бори нахуст дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз 18 сентябр то 6 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)” тренинги байналмилалии омӯзишӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Тренинг тавассути лексияҳои сатҳи баланди интерактивӣ, машғулиятҳои амалӣ, аз ҷумла кори гурӯҳӣ ва боздидҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, иштироки кормандони байнисоҳавӣ ва бисёрфарҳангӣ муҳити мусоиде фароҳам меорад, ки муошират ва иштироки муассир таъмин гардад. Дар давоми тренинг бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва ташаббусҳои дахлдор алоқамандӣ миёни илм ва нигоҳубини коллексияҳо дар заминаи маҳаллӣ омӯхта мешавад.
Дар тренинг саҳми ширкаткунандагон аз он иборат аст, ки дар мисоли муассисаҳои худ сатҳ ва раванди омӯзиш, табодули таҷрибаҳои дахлдори кишварҳои худ ва пешниҳоди лоиҳа оид ба беҳтар намудани нигоҳубини коллексияҳо ва устуворӣ дар муассисаҳои худро, ки тавассути истифодаи усулҳои илмӣ амалӣ мешаванд, баён намоянд.
Тренинги мазкур саводнокии илмӣ, иқтидори иштирокчиён ва муассисаҳои онҳоро баланд бардошта, ба онҳо имкон медиҳад, то падидаҳои марбут ба нохубшавиро, ки ба коллексияи мероси онҳо таъсир мерасонанд, фаҳманд ва устуворона идора намоянд.
Чорабинӣ дар бинои Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баргузор гардида, шумораи иштирокчиён то 20 нафарро дар бар мегирад. Аз ин шумора 16 нафар аз минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, 4 нафар аз дигар кишварҳо интихоб мешаванд. Талабот барои иштирокчиён таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол бо коллексияҳои мерос буда, инчунин, масъулони коллексияҳо, сарпарастон, тармимгарон ва таҳқиқгарон низ метавонанд иштирок намоянд.
Иштироки номзадҳои интихобшуда дар тренинг ройгон буда, дар ин муддат ба онҳо ҷиҳати хароҷоти сафар, манзил ва хӯрок дар шаҳри Душанбе маблағ пардохт карда мешавад.
Маврид ба зикр мебошад, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид.
Ин дастоварди беназири соҳаи осорхонашиносии мамлакат имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ аз зумраи тармимгарон, таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон ва дигар бахшҳои ин соҳа дар курсҳои кӯтоҳмуддати байналмилалӣ иштирок намуда, донишу таҷрибаи тахассусии хешро мукаммал гардонанд.
Дар ин замина, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” тавонист дар як муддати хеле кӯтоҳ дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) бори нахуст дар кишвар чунин тренинги байналмилалии омӯзишӣ ташкил намояд.