Мулоқоти Содиқ Имомӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Россия

2 марти соли 2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Михаил Галузин доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.

Ҳамсуҳбатон масъалаҳои омодагӣ ба сафари кории Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия М. Мишустинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-3 марти соли ҷорӣ муҳокима намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ инчунин атрофи масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE