ТАРКИШ ДАР АФҒОНИСТОН: 3- ҚУРБОНӢ ВА 19-ЗАХМӢ БАР ҶОЙ ГУЗОШТ
Шоми дирӯз дар шаҳри Гардези музофоти Пактиё бар асари таркиш на кам аз 3 корманди Раёсати амнияти миллии Афғонистон кушта ва 19 сокини осоишта маҷруҳ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тулуъ нюс» хабар медиҳад.
Тавре намояндаи расмии музофоти Пактиё Абдулраҳмон Мангал гуфт, ин ҳодиса бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда, ки ҳадафи он патрули муштараки неруҳои амнияти Афғонистон буд, рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, бар асари таркиш ба бозорҳо ва корхонаҳои маҳалли хисороти зиёд расидааст.