ТАВСИЯИ ТАБИБОН ОИД БА ПЕШГИРИИ ФАРБЕҲШАВӢ

Истеъмоли нодурусти ғизо нӯшидани обҳои ширини ташнагишикан хӯрокҳои тезтайёри хамирӣ камҳаракатӣ аз ҷумлаи сабабҳое ба ҳисоб мераванд, ки инсонро ба ҳолати фарбеҳӣ гирифтор мекунанд. Дар ҳолати пешгирӣ накардани фарбеҳӣ бошад, инсон ба бемориҳои қанд, фишори хун сактаи қалб гирифтор мешавад. Гузориши муфасалро дар таҳияи ҳамкорамон Умедаи Сангалӣ бишнавед.
Яке аз сабабҳои асосии гирифтор шудани нафарони фарбеҳро мутахассисони соҳаи тиб аз меъёр зиёд истеъмол намудани ғизо ва камҳаракатӣ маънидод мекунанд. Дар ҳолати пешгирӣ накардани он инсон ба бемориҳои қанд, фишори хун ва сактаи қалб гирифтор мешавад.
Бемории фарбеҳӣ метавонад ба фаъолияти муътадили узвҳо, таъсири манфӣ расонад, яъне боиси пайдо шудани санг дар талха ва гурда гардад.
Бино ба маълумоти оморӣ дар ҷаҳон занон нисбат ба мардон ду маротиба зиёд шудаанд. Сину соли гирифторшавӣ ба фарбеҳӣ дар занон аз 30 то 50-соларо ташкил медиҳад.
Агар волидон ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошанд заминаи инкишофи фарбеҳӣ дар фарзандони онҳо пайдо мешавад. Мутахасисони соҳаи тибро афзоиши шумораи кӯдакони фарбеҳ тайи солҳои охир нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, дар ин замина бемориҳои мухталифи ғадудҳои дарунӣ дар ҳоли афзоиш аст.
Ҳар як нафари ба фарбеҳӣ гирифторшуда бояд дар андешаи солимии хеш бошад, зеро фарбеҳӣ аввал ҳолат аст, баъд беморӣ Яъне, ин ҳолат рафта-рафта ба беморӣ табдил меёбад ва оқибатҳои ногувореро ба миён меорад. Бинобар ин моро зарур аст, ки аз истеъмоли аз ҳад зиёди ғизоҳои гӯштӣ ва шириниҳо парҳез намуда, бештар аз растаниву сабзавот ва мевагиҳо истифода барем. Мудом дар ҳаракат буда, ба варзиш машғул шавем.

Умеда Холова

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE