РУНАМОИИ КИТОБИ «АЙЁРЕ АЗ ХУРОСОН»

Дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон рунамоии китоби шоири шинохтаву пурҳунари форсизабон Халиллулоҳ Халилӣ бо номи «Айёре аз Хуросон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони илму адаб, масъулини вазорати фарҳанг, Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик, китобхонаи миллӣ ва дигар дӯсторони китобу шеър ширкат варзиданд. Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки китоби мазкур ба муносибати 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-умин соли таълифи асари арзишманди достонӣ – таърихии Устод Халилулоҳ Халилӣ «Айёре аз Хуросон» ахиран бо алифбои сирилик ба нашр расидааст. Китоби «Айёре аз Хуросон» бо алифбои сирилик бо кушиши Ҷаъфари Ранҷбар аз ҷониби Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик ба нашр расонида шудааст.

Раҳмонзода Миҷгона 

Садои Душанбе

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE