НАХУСТИН ҲОЛАТИ МАРГИ ҶАВОНИ ТО 20-СОЛА АЗ COVID-19 ДАР ҶОПОН
Дар Япония нахустин ҳолати марги шахси то 20 сола аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора агентии Киодо дар такя ба маълумоти вазорати тандурустии ин кишвар хабар додааст. Бино ба иттилои расмӣ дар умум дар Япония то имрӯз 156 ҳазор ҳолати сироятӣ ба Ковид 19 ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 2274 тан аз сабаби гирифторӣ ба ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки 497 нафар айни замон дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Раҳмонзода Миҷгона
Садои Душанбе