Оғози даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рӯи панҷ номинатсия идома дорад.

Дар оғози маросими бошукӯҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода  зикр дошт, ки  озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон Ватани азизи ман»  бо иқдомҳои наҷибу фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, нутқи отифӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ  тибқи Амри Президент аз рӯйи панҷ номинатсия бо фарогирии мавқеъҳои бештар баргузор мешаванд.

Аз ин нуқтаи назар, ҳар ишораи Пешвои миллат барои наврасону ҷавонони мо сабақи ибрат аст. Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ он мебошад, ки мардуми мо сухандону китобхон бошанд»,- иброз дошт мавсуф. Нахуст дар озмун аз рӯйи 5 номинатсия сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳунарнамоӣ намуданд. Минбаъд бо ҳамин тартиб сокинони вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пурсида шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE