БРИТАНИЯИ КАБИР ВАКСИНАГУЗАРОНИИ АҲОЛИАШРО ШУРӮЪ НАМУД

Британияи Кабир нахустин кишвари аврупоист, ки ваксинагузаронии аҳолии худро аз коронавирус оғоз мекунад.

Шуруъ аз имрӯз ваксина дар навбати аввал ба қишри осебпазири аҳолии Британия гузаронида мешавад. Ба ин гуруҳи аҳолӣ нафарони хонаҳои пиронсолон, кормандони соҳаҳои тандурустиву иҷтимоӣ ва ҳамчунин нафарони аз 80 – сола боло шомил карда шудаанд.

Аввали моҳи декабр Британияи Кабир нахустин кишваре гардид, ки иҷозатнома барои ба таври оммавӣ гузаронидани ваксинаи ширкати «Pfizer/BioNTech» – ро, ки тамоми марҳилаҳои омӯзиширо бо муваффақият пушти сар гузошт, ба даст овард. Ду ваксинаи дигар аз ширкати амрикоии «Модерна» ва ширкати британии «Астра Зенеса» бошад дар марҳилаи барасӣ қарор дошта, ҳанӯз муҳлати иҷозати онҳо маълум нест.

Мақомоти ин кишвар ваъда додаанд, ки ваксинаро хеле зуд паҳн хоҳанд кард ва аз аҳолӣ даъват кардаанд, ки аз эмгузаронӣ даст накашанд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE