Гузаргоҳи гумрукии «Фотеҳобод/Ойбек» навсозӣ карда мешавад
Масъалаҳои марбут ба навсозӣ ва таҷҳизонидани гузаргоҳҳои гумрукӣ, аз ҷумла гузаргоҳи «Фотеҳобод/Ойбек» дар мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Мухторов дар гузаргоҳи гумрукии «Фотеҳобод/Ойбек» баррасӣ гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҳамзамон татбиқи барномаи мусоидати техникии рушди долони иқтисодии «Шимкент – Тошканд – Хуҷанд» ва барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) муҳокима гардид.
Мусоҳибон доир ба интиқоли мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон, ки солҳои охир мунтазам афзоиш меёбад, ибрози назар намуданд. Инчунин оид ба масоили марбут ба инфрасохтори наздисарҳадӣ, ки имкони танзими миқдори зиёди мусофирон ва нақлиётро надошта, ба навсозӣ ниёз дорад, мубодилаи афкор намуданд.
Гурӯҳи кории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз вазъи гузаргоҳҳои сарҳадии «Сардоб»/ «Зафар» ва «Зафаробод»/«Хавастобод» дидан намуд.