Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон: соли гузашта дар 6 шаҳру навоҳии мамлакат намояндагии хешро боз кардем
Соли гузашта ба унвони мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1946 адад муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ворид карда шуд, ки ба таври фаврӣ таҳлилу баррасӣ гардиданд. Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ин зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод. Ба гуфти Умед Бобозода, аксарияти муроҷиатҳои воридшуда баҳои ҳуқуқӣ пайдо намуданд ва ҳалли мусбии худро пайдо карданд.
Ба иттилои мавсуф, ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинон бештар доир ба масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ва амсоли ин, муроҷиат кардаанд. Дар маҷмӯъ, муроҷиатҳои шифоҳӣ 398 маротиба нисбат ба соли 2019 бештар будааст.
Самти дигари фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону наврасон ташкил медиҳад. Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта тавассути машварату омӯзиш чандин наврасону кӯдакон аз бархе имтиёзу кӯмакҳо бархӯрдор гаштанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди машварату маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон ба ниёзмандон соли гузашта дар 6 шаҳру навоҳии мамлакат намояндагии хешро боз кард ва сокинон тавонистанд аз онҳо машварату маслиҳатҳои ҳуқуқиро ба таври фаровон дастрас кунанд.
Бахтовар АМИНЗОДА,
“Садои Душанбе”