Дар Душанбе вохӯрии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Олтойи Федератсияи Русия доир мегардад
10 апрел дар шаҳри Душанбе вохӯрии дуҷониба (B2B) байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Олтойи Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳайати тиҷоратии вилояти Олтой 6 ширкату корхонаи калону миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имконияти соҳибкориву сармоягузории мамлакат ва пайдо намудани шарикони ҳамкор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.
Ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои истеҳсоли шинаҳо ва камераҳо барои мошинҳои сабукрав ва боркаш, агрегатҳои маҳлул барои тайёр кардани нуриҳои комплексӣ, маҳсулоти косметикӣ, хизматрасонии логистикӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан (оби гандум, квас, лимонад, оби минералӣ ва нӯшокиҳои бе газ), маҳсулоти экологӣ ва кишоварзӣ фаъолият мекунанд.