Таваҷҷуҳ! Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” баргузор мегардад

Аз 27 апрел то 4 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” баргузор мегардад. Маросими ифтитоҳи расмии Фестивал-озмун 27 апрели соли 2023, 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар Фестивал-озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштрок менамоянд ва онҳо беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2021 – 2022 рӯи саҳна омадаанд, барои мухлисони санъати театрӣ ва қазовати ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд.

Дар доираи ҷашнвораи мазкур ду мизи мудаввар: “Хушназар Майбалиев – арбоби барҷастаи санъати тоҷик” ва “Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон” бо иштироки мунаққидон ва театршиносон дар назар аст.

Мавриди зикр аст, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE