Тоҷикистон дар маҷаллаи “Дипломат”

Маҷаллаи навтаъсиси Вазорати умури хориҷаи Эрон – “Дипломат”, ки ба забонҳои форсӣ ва англисӣ чоп мешавад, шумораи дувуми худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар пешгуфтори ин шумора, ки ба қалами сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ва сардабири маҷалла Носири Канъонӣ тааллуқ дорад, омадааст: “Дар шумораи дувуми “Дипломат” кишвари хешованд, ҳамзабон ва ҳамдили Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутолиа хоҳем кард. Оини бародарӣ ва ҳамдилӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон қидмате дерина дорад ва ҳикояташ ба устуворӣ ва мондагории шеъри Рӯдакӣ, шоири бузурги садаҳои нахустини ҳиҷрии шамсӣ бармегардад”.

Ёвари вазири умури хориҷаи Эрон дар умури Авруосиё Алиризо Ҳақиқиён дар мақолаи худ бо номи “Фаротар аз таърих” муруре ба арзишҳои муштараки фарҳангӣ, забонӣ, тамаддунӣ, таърихӣ ва ҳувиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон намуда, ин ду кишварро як рӯҳ дар ду бадани ҷуғрофиёӣ донистааст.

Дар мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо котиби масъули маҷаллаи “Дипломат” зери унвони “Тафовуте рангбохта дар сояи иштирокот” паҳлӯҳои мухталифи равобити Тоҷикистону Эрон муаррифӣ шуда, нақши сафарҳои расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон дар ду соли охир дар тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон фавқулодда муҳим арзёбӣ гардидааст.  

Дар мақолаи ноиби раиси Палатаи муштараки савдо ва саноати Эрону Тоҷикистон Абдурризо Муҳаммадӣ зери унвони “Эрону Тоҷикистон дар масири тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ” ба муҳимтарин самтҳои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар ишора шуда, зарфиятҳои фаровони мавҷуда чун омили тавсеаи беш аз пеши равобити иқтисодӣ муайян гардидаанд.

Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар дар мақолаи худ бо номи “Рӯҳе дар ду ҷисм” ба муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сӣ соли охир назаре андохта, густариши ин муносибатҳоро ҳаққи табиии ду кишвар дар партави муштаракоти мавҷуда миёни онҳо донистааст.

Раиси Фарҳангистони улум ва адаби форсӣ Ҳаддоди Одил дар мақолааш “Мероси муштараки форсизабонон” забони форсӣ (тоҷикӣ)-ро сармояи арзишманди ду миллати бародар донистааст.

Эроншинос Алии Некӯӣ дар мақолааш “Нақши Рӯдакӣ дар ҳувияти эронӣ” лаҳзаҳое аз рӯзгор ва осори Одамушшуаро Рӯдакиро бозгӯ карда, Сомониён ва Рӯдакиро эҳёгарони ҳувияти муштараки тоҷикону эрониён пас аз инқирози давлати Сосониён номидааст.

Дар маҷмуъ, шумораи мазкури маҷаллаи “Дипломат”, ки мақолаҳои он дар ҳамкорӣ бо  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон омода шудааст ва бо аксҳои ҷолиб аз мулоқотҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, ҳамчунин бо тасвирҳои зебо аз ҷозибаҳои таърихиву меъморӣ ва гардишгарии Тоҷикистон музайян гардидааст, дастовардҳои Тоҷикистони таърихь ва муосир ва ҳамкориҳои онро бо кишвари ҳамзабони Эрон дар беҳтарин ваҷҳ муаррифӣ мекунад.  

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE