Вобаста ба татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус дар маркази матбуоти Вазорат хабар доданд.
Дар ҷаласа роҳбарияти Вазорати маориф ва илм иброз доштанд, ки мақсади асосӣ ва дарозмуҳлати «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бунёди низоми самараноки маориф аст, ки имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некуаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё месозад. Стратегияи дарозмуҳлати соҳаи маориф ба бартариҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» инъикос ёфтаанд, такя карда, ба мақсад ва вазифаҳои «Ҳадафҳои рушди устувор барои солҳои 2015- 2030» мутобиқат мекунад.
Бандҳои стратегияи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъулин ҷиҳати амалишавии қисмҳои дахлдори «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома ва консепсия дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон