«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Хатлон даври шаҳрию ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ идома дорад

Даври шаҳрию ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар вилояти Хатлон 2 май оғоз ёфта, то 15 май идома меёбад. Дар он доираи васеи довталабони синни гуногун иштирок доранд. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст.

Ҳайати ҳакамони озмун аз ҳисоби донишмандону муҳаққиқон, адибону адабиётшиносон интихоб шуда, ба донишу ҳунари довталабон аз рӯйи талаботу шартҳои муайян баҳо мегузоранд.

Имсол озмун аз рӯйи шаш номинатсия, аз ҷумла адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб ҳамасола дар чор давр барпо мегардад. Ғолибони номинатсияҳо бо диплом ва то 35 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо диплому 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Иштирокчиёни беҳтарини даврҳои шаҳрию ноҳиявии озмун ба даври вилоятии он, ки моҳи август дар маркази вилоят — шаҳри Бохтар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE