Соли гузашта дар Хуҷанд 40 корхонаи нав ба истифода дода шуд

Соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд 40 корхонаи хурду миёнаи нави саноатӣ бо фарогирии 289 ҷойи кор таъсис дода шуд. Дар ин хусус Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 1 миллиарду 702 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 262,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба хориҷи мамлакат ба ҳисоби 389,5 миллион сомонӣ молу маҳсулот содирот карданд.Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта 94 корхона асосан маҳсулоте истеҳсол намуданд, ки қаблан аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE