МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ ФАРҲАНГ ВА ИРШОДИ ИСЛОМИИ ЭРОН
Аз 10 то 20 майи соли 2023 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” баргузор мегардад, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси “меҳмони вижа” дар ин намоишгоҳ муқаррар гардидааст. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳошияи ифтитоҳи маросими расмии Намоиши байналмилалии “Китоб Теҳрон” рӯзи 10 майи соли равон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфияи Давлат бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдии Исмоилӣ ва доктор Аҳмадванд-муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, ки ҳамзамон Раиси Намоишгоҳи байналмилалии китобро ба зимма дорад, доир гардид.
Зимни сӯҳбат вобаста ба ҳамкориҳои фарҳангӣ, аз қабили дар соҳаи теар, санъат ва нашри китобҳо табодули афкор суръат гирифт.
Ҷониби Эрон иштироки Тоҷикистонро ба ҳайси “меҳмони вижа” дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб муҳим арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Намоиши байналмилалии “Китоби Теҳрон” аз 60 давлати дунё ноширон ширкат меварзанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки рӯзи 11 май Рӯзи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ расман ифтитоҳ мегардад.