Ҳушдори КҲФ аз тӯфони гарду ғубор дар қаламрави кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 16-17 майи соли 2023 ба сабаби тағйири обу ҳаво дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои олуда бо гарду чанг дар назар дошта шудааст.

Хокбориш ба қаламрави кишвар аз ноҳияҳои ҷанубу ғарб ва ҷанубии ҳаммарз бо кишвари мо ворид мешавад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад беш аз ҳама ба касоне таваҷҷуҳ кунанд, ки гирифтори бемориҳои диабети қанд, астма ва гипертония мебошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE