Ҳамкории Тоҷикистон ва Тотористон дар соҳаи сайёҳӣ тақвияти бештар меёбад

18-19 май дар ҳошияи Форуми Қазон 2023 «Русия – ҷаҳони ислом»  дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Камолиддин Муминзод  бо раиси Кумитаи давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Тотористон  Сергей Иванов баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он имконоти фаровони сайёҳие, ки дорад, барои ҷалби сайёҳон давлати ҷолиб ба шумор меравад.

Дар ин самт бояд барои ҷалби сайёҳон аз Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.

Зимни мулоқот ҷониби Тотористон пешниҳод намуд, ки барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ Кумита метавонад бо ассотсиатсияҳои осоишгоҳҳои Тотористон вохӯрӣ анҷом диҳад.

Иброз гардид, ки вохӯрӣ бо намояндагони корхонаи Камаз ба манфиати кор буда, нархҳои муносиби осоишгоҳҳои Тоҷикистон барои кормандони ин корхонаи бузург диққатҷалбкунанда мебошад.

Ҳоло лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Тотористон дар баррасии ҷониби Тотористон қарор дорад.

Баимзорасонии санади мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ бо ҷониби Тотористон ба манфиати кор мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE