Вазири корҳои хориҷӣ cафири Ҷопонро ба ҳузур пазируфт

1 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфт.

Тавре радиои “Садои Душанбе ” ба истинод аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон табодули афкор сурат гирифт.

Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE