Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид
Имрӯз дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид. Дар кори он масъулин меҳмонон ва намояндагон аз тамоми зерсохторҳои ин мақомот ширкат намуданд. Ҳамоишро муовини якуми Сарпрокуратураи ҳарбӣ, полковники адлия Шӯҳрат Муҳаммадёрзода- оғоз намуда изҳор дошт, ки Рӯзи Президент ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ ҳамчун падидаҳои муҳими таърихӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз доранд ва таҷлили ин чорабиниҳои муҳим мояи ифтихору ватандӯстӣ ва нишонаи ваҳдатпазирӣ, инчунин рамзи эҳтиром ва арҷ гузоштан ба заҳматҳои содиқонаи Пешвои миллат мебошад. Сипас прокурори ҳарбӣ Фирӯз Сафарзода ва Сайфиддин Бекмуродзода дар мавзӯъҳои «Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иҷлосияи таърихии XVI – уми тақдирсоз» ва дигар масъулин маърузаҳо намуда, ёдовари талошҳои хастанопазири сарвари давлат дар роҳи давлатсозӣ, рушди соҳаи мазкурро маҳз аз сиёсати пурсамар ва рӯзмарраи Президенти мамлакат арзёбӣ намуданд. Ҳозирин дастоварди пурарзиш дар даврони истиқлолияти мамлакат, ки миллати тоҷикро аз ҷудоиву парокандагӣ наҷот бахшид, бешубҳа, расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа, ки ояндаи дурухшони наслҳои баъдӣ аз он вобаста аст, аз фаъолияти шабонарӯзӣ ва густурдаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро маънидод намуданд. Дар анҷоми ҳамоиш ҳамзамон оид ба дигар паҳлӯҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар гардида, миёни ҳозирин мубодилаи андеша сурат гирифт.