ТАҲРИМОТИ НАВ БАР ЗИДДИ ТУРКИЯ: ИН ДАФЪА АМРИКО! 

ИМА дар муносибат бо Туркия ба хотири харидории Мачмааи зиддиҳавоии русӣ таҳримот ҷорӣ кард. Ин тасмими Вашингтон аз ҷониби Анқара ва Москав маҳкум, аммо бархе аз давлатҳо истиқбол карда шуд. Коршиносон мегӯянд, бо ин амалкард Амрико мехоҳад вобастагии шарикон дар доираи Паймони Атлантикаи Шимолиро ба худ нигоҳ дошта, нигарониҳои амниятиашро бартараф намояд.

Тибқи иттилои расонаҳо дар такя ба Вазорати молияи ИМА Вашингтон ба мукобили котиботи саноати мудофиаи Туркия, таҳти роҳбарии Исмоил Демир ва се мансабдори дигари он таҳримот ҷорӣ кардааст. Котиби давлатии Амрико Майк Помпео гуфт, ин тасмим ба харидории маҷмааи зиддиҳавоии Русия аз ҷониби Туркия вобастагӣ дорад. Ӯ аз Туркия даъват намудааст, ки барои ҳалли қазияи С – 400 фавран ҳамоҳангиро бо ИМА густариш бахшад.

Ба таъкиди ин масабдори амрикоӣ «Туркия шарики арзишманду муҳими амниятӣ барои ИМА дар минтақа аст ва мо мехостем ҳамкориҳои самарабахшамонро дар бахши мудофиа, ки таърихи даҳсола дорад, тавассути бартараф кардани монеаи С – 400 ҳарчӣ зудтар идома диҳем”, – навиштааст Помпео дар твиттери худ. Ба гуфти ӯ ҷорӣ намудани таҳримҳо як ишораи равшанест, ки ИМА банди 231 – и Қонун “Дар бораи муқовимат бо рақибони Амрико тавассути таҳримҳо” – ро комилан иҷро мекунад ва муомилоти назарасрро бо бахши мудофиа ва иктишофии Русия таҳаммул надорад.

Дар вокуниш Президенти Туркия Раҷап Тайип Эрдуғон ин таҳримоти ИМА болои кишварашро беҳтиромӣ ба як шарики муҳими узви Паймони Атлантикаи Шимолӣ хондааст. Пешниҳоди навтарин маҷмааи мудофиаи зиддиҳавоии С—400 – и Русия ба Туркия моҳи июни соли гузашта боиси сар задани буҳрон дар муносибати Анкара бо Вашингтон гашта буд. Баъди ин муомилот Амрико аз Туркия талаб кардааст, ки аз ин созишнома бо Москав даст кашад ва бар ивазаш маҷмааи амрикоии «Патриёт» – ро харидорӣ кунад. Ҳамзамон, таҳдид кардааст, ки фурӯши тайёраҳои ҷангии навъи “Ғ – 35” – ро ба Туркия ба таъхир мегузорад ё бекор мекунад ва ҳатто дар муносибат бо Туркия таҳримот ҷорӣ хоҳад кард.

Дар посух Туркия аз ин амалкарди худ даст накашида, баръакс гуфтушунидро сари харидории қисмати дигари маҷмааи зиддиҳавоии С – 400 – и Русия идома дод. Туркия дар сатҳи байналхалқӣ борҳо таъкид кард, ки ба муносибаташ бо Амрико арҷ мегузорад, аммо ҳамчун кишвари мустақил заруратеро намебинад, ки аз рӯи машварати дигарон тасмим бигирад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Юнон ҷорӣ намудани таҳримоти амрикоӣ зидди Туркия дар робита ба харидории маҷмааи сипари зиддиҳавоии С – 400 – ро истиқбол кардааст. Сарвазири Юнон Кириакос Митсотакис гуфтааст, ки Туркия як иттифоқчии боэътимоди НАТО аст ва бо ин амали худ ба амнияти дастаҷамъонаи он таҳдид мекунад. Ӯ чунин мешуморад, ки харидории С – 400 аз Русия ҳамаи аъзои НАТО, аз ҷумлаи ИМА – ро нигарон кардааст, зеро он ба парвози ҳавопаймоҳои “F-35” хатар ворид мекунад, ки тайёраҳои пешрафтаи НАТО мебошанд.

Юнон ин амалкарди Туркияро дар ҳоле ба риштаи танқид кашидааст, ки Афина худ дорои маҷмааи русии С — 300 мебошад. Ин маҷмаа аз ҷониби Кипр дар солҳои 90 – ум харидорӣ шуда, бо сабаби вокунишҳои Туркия дар мувофиқа бо Юнон он дар ҷазираи Крити мустақар гардид ва баъдан моликияти Афина эълон шуд.

Дар иртибот ба ин таҳримот Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, ки ин тасмим на болои Анқара, балқи ба муқобили Москав гирифта шудааст. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар посух ба ин қарор гуфтааст, ки ин таҳримоти ИМА ғайричашмдошт набуд. “Ин боз як зуҳуроти муносибати мағрурона ба қонунҳои байналмилалӣ, чораҳои ғайриқонунии «чап ва рост» мебошад”, – гуфт Лавров.

Дар робита ба ин қазия Вазорати корҳои хориҷии Туркия ҷорӣ шудани таҳримоти бар зидди кишварашро маҳкум карда, аз иқдомоти ҷавобии Анқара хабар додааст. Ба таъкиди ин ниҳоди сиёсати берунаи Туркия даъвоҳои ИМА дар бораи осебпазирии системаҳои НАТО дар робита бо ба даст овардани С – 400 аз ҷониби Туркия заминаи техникӣ надоранд. “Туркия дафъатан пешниҳод кардааст, ки бо иштироки НАТО як гурӯҳи кории техникӣ таъсис дода шавад ва ин масъала дар заминаи воқеият, бидуни ғарази сиёсӣ ҳал карда шавад. Мо ИМА – ро даъват менамоем, ки ин таҳримоти ноодилонаи худро бознигарӣ кунад” – гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.

Тоҷиддин САТТОРЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE