Бетартибиҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон 18-кушта ва 234-захмиро дар пай гузошт
Дар ҷараёни бетартибиҳо дар пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қарақалпоқистони Узбекистон — шаҳри Нукус 18 нафар ба ҳалокат расида, 243 нафар захмӣ шуданд (94 нафари онҳо то ҳол дар беморхона бистарӣ мебошанд). Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз аз Гвардияи миллӣ ва Прокуратураи генералии Узбекистон иттилоъ доданд. 516 нафар иштирокчиёни бетартибиҳо дастгир карда шуданд.
«1-2 июл 516 нафар боздошт шуда, тафтишот идома дорад. Нисбат ба шаҳрвандони алоҳида ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, онҳо аз боздоштгоҳ озод карда шуданд», — гуфт котиби матбуоти Гвардияи миллии Узбекистон Даврон Ҷумъаниёзов.
Прокуратураи генералӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи далели бетартибӣ дар асоси моддаи «Сӯиқасд ба сохти конститутсионии Ҷумҳурии Узбекистон» парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Эътирозҳо дар Қарақалпоқистон 1 июл, баъд аз пешниҳоди лоиҳаи нави Конститутсия шуруъ шуданд. Дар тарҳи нави ин санад пешниҳод гардидааст, ки ин минтақа аз соҳибихтиёрӣ ва аз ҳаққи ҷудо шудан аз Узбекистон тавассути раъйпурсӣ маҳрум карда шавад. Пас аз эътирозҳо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Нукус омад (ДАР АКС). Ӯ дар мулоқот бо вакилони маҳаллӣ таклиф кард, ки аз лоиҳаи Конститутсия пешниҳод дар бораи мухторият хориҷ карда шавад. Мақомоти Узбекистон тасмим гирифтанд, ки муҳокимаи лоиҳаи тағйирот то 15 июл тамдид гардида, мухторияти Қарақалпоқистон нигоҳ дошта шавад.