Фонди ҷоизавии Гран прии Душанбе-2023 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад

 Дар доираи Сайри ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо 2-4 июн дар пойтахти Тоҷикистон Гран-прии Душанбе-2023 баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

То имрӯз барои иштирок дар он 319 варзишгар аз 43 кишвари ҷаҳон сабти ном шудааст. Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 варзишгар (28 мард, 6 зан) муаррифӣ менамоянд.

Гран Прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба раддабандии варзишгарон хол илова мекунад.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум – 3000 доллар (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600), ҷойи 2-юм – 2000 доллар (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400), ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 доллар (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).

Бояд тазаккур дод, ки пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ҳаққи баргузории мусобиқоти Гран-приро соҳиб гардид.

Гран-при оид ба ҷудо ҳар мавсим дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Пеш аз Бозиҳои олимпӣ баъзе Гран-приҳо дорои иҷозатнома мебошанд, ки дар он варзишгарон дар рейтинги олимпӣ соҳиби холҳо мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE