Иттилоияи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар мавриди ғасби худсаронаи замин

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Барои ғасби худсаронаи замин ва сохтмони худсарона дар он ҷавобгарии  ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Чунин омадааст дар иттилоияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат, хабар медиҳад ниҳоди мазкур.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакатро даъват намудааст, ки дар ҳолатҳои ошкор гардидани қонуншиканӣ вобаста ба замин бо  телефонҳои 235-11-11 ва 235-59-57 ба Прокуратураи генералӣ занг зананд.

Тавре қаблан хабар додем, соли 2022 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 232 шахси мансабдор, пеш аз ҳама, раисони ҷамоатҳо, раисони кумитаҳои идораи замин, роҳбарони корхонаҳои бақайдгирии давлатӣ ва заминсозии ҷамоатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE