Дар Қатар ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил карда шуданд
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид.Дар ҳамоиш тоҷикони муқими Қатар, аз ҷумла соҳибкорон, намояндагони ҷомеаи тоҷик ва донишҷӯён иштирок намуданд.Зимни ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ иброз дошт, ки ин санаҳои муҳим барои тоҷикон рамзи ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол мебошанд. Сафир инчунин нақши роҳнамоӣ ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлатро дар муаррифии арзишҳои миллӣ ва пешбурди сиёсати давлатдорӣ таъкид намуд.Иброз гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ба тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Қатар мусоидат менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

