Қоҳир Расулзода бо Михаил Мишустин мулоқот намуд
8 июн дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо — Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкории байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русияро таъкид намуда, барои густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Ҳукумати Федератсияи Русия