Ҷавонони ватандӯсти шаҳри Турсунзодаро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар шаҳри Турсунзода чорабинии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таҳти унвони Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, кормандони комиссариати ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва волидони даъватшавандагон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Тазаккур дода шуд, ки маҳз бо тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан сол то сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.
Ба даъватшудагоне, ки аз даврҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ гузаштаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардид. Ҳамоиш бо намоиши машқҳои варзишӣ аз ҷониби мактаби варзишӣ ва маросими «Нонгазон» идома ёфт.
Бояд гуфт, ки ҳамасола 1 октябр бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар саросари мамлакат маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз меёбад.