Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қонун «Дар бораи ихтироъ» қабул шуд
11 октябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» баррасӣ шуда, қабул гардид. Дар ин хусус аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» – ро муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки лоиҳа бо мақсади мутобиқ намудан ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» таҳия гардидааст.
Таъкид шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 маъқул дониста шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ манзур гардидааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.
Баён гардид, ки дар 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат ба ихтироъкорону соҳибкорон 17 586 ҳуҷҷати ҳифозатӣ, аз ҷумла 15 556 шаҳодатномаи тамғаи молӣ, 1417 нахустпатент, 508 патент ба ихтироъ ва 105 патент ба намунаҳои саноатӣ дода шудааст.