ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА 5000 НИЁЗМАНД

Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 5000 нафар ятимони куллу маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Ба иттилои Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи ҳар ҷашну идҳо барои дастгирию кӯмаки саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимону маъюбон ва ашхоси ба онҳо монанд, тадбир меандешанд. «Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, бепарасторон, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд. Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад. Ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ идома мебахшанд», – гуфт сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдулмаҷид Ҳакимзода.

Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд ва хушбахтона имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша анҷом дода мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE