Шумораи ҳалокшудагон бар асари тирпаронии оммавӣ дар иёлати Мэни ИМА ба 22 нафар расид

Рӯзи чоршанбе бар асари чанд ҳодисаи тирандозии оммавӣ дар шаҳри Люистони Мэни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 20 нафар ҳалок ва даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Тавре АИ «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шабакаҳои телевизионии NBC News ва CNN бо истинод ба манбаъҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додаанд.

Дар идораи полиси Люистон хабар доданд, ки гумонбар дар озодӣ буда, мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE