Сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва варзиш мулоқот кард

22 декабри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ ва варзиш ҷаноби Нурмуҳаммад Аманнепесов баргузор гардид.

Зимни суҳбати судманд ҷонибҳо дар атрофи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва тиб, варзиш ва сиёсати ҷавонон табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин аҳамияти густариши ҳамкориҳои башардӯстона миёни ду кишвари дӯст қайд гардида, рағбати ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн, таъйид гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE