Ғолибони даври ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни донишҷӯён муайян ва қадршиносӣ шуданд

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар чор марҳила доир гардида, дастаҳое, ки дар сатҳи вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳри Душанбе ғолиб омаданд, имконияти иштирок дар марҳилаи ниҳоии чорабиниро пайдо намуданд.

Дар он ҷойи якум ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов, ҷойи дуюм ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюм ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав сазовор дода шуд.

Ғолибону ҷоизадорон аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри 2023 дар майдони марказии шаҳри Душанбе оғоз гардида, дастаҳо бо нишон додани маҳорат ва малакаи хуби футболбозӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE