Дар Тоҷикистон имрӯз ду заминларза рух дод
Дар давоми якчанд соат дар қаламрави Тоҷикистон ду зилзила сабт шуд.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии АМИТ хабар доданд, имрӯз, 13-уми ноябр, соати 00:54 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза сабт шудааст.
Гуфта мешавад, ки маркази заминларза дар 215-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 15-километрии шимолу шарқи ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Дар маркази заминларза шиддати он 4 балл ва дар ноҳияи Тоҷикобод 3 балл будааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ин ниҳод, 13-уми ноябр, соати 08:34 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ сабт шуд.
“Маркази заминларза дар 20-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 17-километрии шимолу шарқи ноҳияи Варзоб, дар ҳудуди минтақаи Варзоб воқеъ буд”, – иттилоъ дод дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Қудрати заминларза дар маркази он 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 балл будааст. Тибқи маълумоти расида, дар натиҷаи заминларза талафот ва хисорот сабт нашудааст.
Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи маркази арзёбӣ ва пешгӯии заминҷунбии Вазорати рухдодҳои фавқулодаи Узбекистон шиддати заминларзаи субҳи имрӯз 4,5 балл будааст.
Аз сӯйи дигар Маркази зилзилшиносии Аврупову Баҳри Миёназамин шиддати заминҷунбиро 4,6 дараҷа арзебӣ мекунад. Маркази зилзила тақрибан 10-15 километр шимолтар аз маркази Душанбе ва дар умқи 10-15 километр будааст.
Бояд гуфт, ки тайи се рӯзи охир ин дувумин заминларза бо чунин шиддат дар наздикиҳои шаҳри Душанбе аст.
Субҳи 11-уми ноябр дар масофаи тақрибан 30 километр аз шаҳри Душанбе ба самти ҷанубу шарқ заминларза бо қудрати 4,3 дараҷа сабт шуд. Дар бораи талафот ва хисорот бар асари ин заминҷунбӣ маълумоте нашр нашудааст.