Президенти Озарбойҷон дар доираи баргузории Намоишгоҳи СПЕКА ба Павилиони Тоҷикистон баҳои баланд дод

Дар доираи баргузории Ҳафтаи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) 22-25 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои давлатҳои аъзои СПЕКА мегузарад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Иштирокчиёни намоиш давлатҳои аъзои СПЕКА – ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар «Маркази ЭКСПО-и ба номи Гейдар Алиев»,  дар масоҳати зиёда аз 4 ҳазор метри мураббаъ павилионҳои худро бо тарҳи миллӣ оро дода, молу маҳсулоти ватании худро ба маърази тамошо гузоштаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Павилиони худро дар масоҳати 250 метри мураббаъ бо тарҳу услуби замонавӣ ва дорои нақшу нигори миллӣ оро дода, молу маҳсулоти ватаниро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтумонӣ, мошинасозӣ, маҳсулоти кимиёвӣ ва фармасевтика, нассоҷӣ, қолинбофӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти заргарӣ ба намоиш гузоштааст.

Ҳадаф аз иштирок дар намоиш, пеш аз ҳама, ҷалби сармоя, муаррифии иқтидори молу маҳсулоти ба содирот нигаронида, дарёфти шарикони нави ҳамкор ва бозорҳои нави содиротӣ мебошад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ин намоиш маҳсулоти зиёда аз 50 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва беш аз 30 намояндагони бахши хусусӣ, ҳунармандон ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат намоиш дода мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE