Дар Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон доир мешавад

27-28 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зарурати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, ки моҳи сентябри соли равон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода буданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE