БОХТИ ҲАНГОМАВИИ ЛИВЕРПУЛ ДАР САФАР АЗ САУТГЕМПТОН

Дидори дастаҳои Саутгемптон ва Ливерпул ба рақобатҳои даври 17-уми Приймер Лигаи Англия нуқта гузошт. Бозии муҷалло ва тамошобоби мазкур, дар варзишгоҳи Сент Мериси Саутгемптон баргузор гардида бо пирӯзии комили мизбонон дастаи Саутгемптон бо ҳисоби минималии 1 бар 0 хотима ёфт.

Аз оғози рақобат айён буд, ки чӣ гуна мизбонон ба ин рақобат омодагии хубу ҷиддӣ дидаанд ва воқеан барои онҳо осон набуд дар баробари муҳаррирки бузурги Юрген Клоп мубориза баранд. Аммо рафти бозиро аз оғоз бар души худ гирифтани мизбонон боиси пирӯзии навбатии онҳо гардид.

Ягон голи ин рақобатро дар оғози дидор аниқтараш дар дақиқаи 2-уми нимаи аввал ҳамлагари дастаи Саутгемптон Дэнни Ингз ба ҳадаф расонида пирӯзии комили тимашро таъмин сохт. Ҳамакнун пирӯзии пай дар пайи Саутгемптон дар рақобатҳои Приймер Лигаи Англия мавқеи ин дастаро устувортар гардонида бо ба даст овардани 29-имтиёз дар зинаи 6-уми ҷадвал қарор дод. Новобаста аз бохти навбатӣ шогирдони Югрен Клопп бо 33-имтиёз садрнишини ҷадвал ба шумор мераванд.

Шодонҷон СУЛТОНОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE