ДУШАНБЕ: ХИЗМАТРАСОНИҲОИ НАВИ ККВД “ТРОЛЛЕБУС”

ККВД “Троллебус”-и ш. Душанбе ҳоло 80 адад нақлиёти нави муосир дорад ва ин шумора ба 100 адад расонида мешавад, – гуфт директори муассиса Сорбон Акрамов.

Троллейбусҳои нав, ки дар кӯчаҳои пойтахт хизматрасони менамоянд, тамғаи БКМ – 32100D, истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Белкоммунмаш” – и Ҷумҳурии Белорус мебошанд. Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани қулЛайи мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.

Троллейбусҳои нав дорои як қатор шароити муосири хизматрасонӣ буда, аз тамғаҳои қаблӣ бо сарфаи неруи барқ то 30 фоиз ва дар ҳолатҳои бебарқӣ ё дигар сабабҳо, имкони ҳаракат кардан то 15 километр фарқ мекунанд.

Ҳамчунин, троллейбусҳо технологияи навини категорияи сеюм буда, бо муҳаррики нерӯи ҷараёни тағирёбанда қабулкунанда ва батареяҳои литтий ҷиҳозонида шудааст. Дастакҳо ё худ шохаҳои ин навъи троллейбусҳо тариқи худкор аз ҷойи нишасти ронанда ба воситаи пахши тугмачаи махсус боло ва поён карда мешавад.

Ҳоло дар ш.Душанбе 6-хатсайри троллебуси хизматрасони менамояд,аз ҷумла хатсайрҳои 1,10,11,4,5,12,корхона 343 нафар корманд дорад,ки аз ин 137 нафар ронандааз ин  12-нафар занони ронанда мебошанд.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра дар хатсайрҳои троллебуси нақлиётҳои нав хизмарасони хоҳанд намуд, – ваъда дод роҳбарияти корхона.

Фирӯз КАРИМЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE