ОГОҲӢ! Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, чангу ғубор ба амал меояд

Пагоҳ, 19 декабр дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе вазъи ҳаво номусоид гардида, чангу ғубор ба амал меояд. Чангбод то 21 декабр идома меёбад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад, ба баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ, зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) оварда мерасонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба одамони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ тавсия медиҳад, ки зуд-зуд ҳавои хонаро тоза ва саломатии худро эмин нигоҳ доранд. Ҳамзамон Кумита аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар чунин ҳаво пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд.

Шахсони гирифтори бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия берун аз биноҳои истиқоматӣ бояд камтар гарданд. Ҳамзамон дар чунин вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки хонаи истиқоматӣ ва утоқҳои кории хешро тоза нигоҳ доранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE