Соли 2024 шаҳри Душанбе мизбони Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ мегардад

Имсол пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мизбони баргузории ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ин тасмим зимни ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШБО ИДМ), ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор гардид, тасдиқ шуд.

Дар кори Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ 10 мамлакати иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Молдова ва Федератсияи Русия  иштирок менамоянд. Инчунин ҳайатҳои Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ба сифати нозир дар кори ҳамаи ҷаласаҳои Шуро иштирок менамоянд.

Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии ИДМ (ШБО ИДМ) 8 феврали соли 1992 тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ барои ҳалли масъалаҳои қабул ва истифодаи иттилооти обуҳавошиносӣ барои пешгӯии равандҳои обуҳавошиносӣ, таъсири онҳо ба муҳити зист, таъмини мақомоти идоракунӣ ва аҳолӣ бо иттилооти саривақтӣ ва огоҳиҳо аз сар задани зуҳуроти табиӣ таъсис дода шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE