Имрӯз бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Қатар баргузор мешавад
Имрӯз, 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Давҳа дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар баргузор мегардад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозӣ соати 19:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо либосҳои сафед ва тими Қатар бо либосҳои қирмизӣ бозӣ менамоянд.
Имрӯз инчунин дар даври дуюм дар гурӯҳи чаҳоргонаи «А» бозии дастаи мунтахаби Чин бо дастаи Лубнон доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А», ки дар Қатар идома дорад, дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Чин мусовӣ бозӣ намуд.
Бозӣ ин дастаҳои мунтахаб 13 январ дар варзишгоҳи «Абулло бин Халифа»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Дастаи мунтахаби Қатар дар даври аввал бо ҳисоби 3:0 дастаи мунтахаби Лубнонро шикаст дода буд.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини Лубнон рақобат менамояд.
Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.