Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ мулоқот анҷом доданд
21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ мулоқот намуданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба имконияту иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва баҳрабардорӣ аз ин неъматҳо ба манфиати ҳар ду давлат табодули андеша намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон барои рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо бо Давлати Қатар дар соҳаҳои саноату энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисоди сабз «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037»-ро қабул намудааст. Тоҷикистон имкон дорад 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардад.
Бо назардошти захираву имконияти бузурги соҳаи гидроэнергетика пешниҳод гардид, ки ҷониби Қатар дар татбиқи тарҳҳои муҳими соҳа барои манфиати ду давлат саҳм гузорад.
Ҳамзамон бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон таъсиси «Фонди муштараки иқтисодию сармоягузорӣ» зарур шумурда шуд.
Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду давлати дӯст саҳми босазо мегузоранд.