Байни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи миллии таҳсилоти Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
11 марти соли равон гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеъ бо раҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо мақсади табодули таҷриба ва шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Нахуст вохӯрии гурӯҳи корӣ бо муовини якуми вазири маорифи Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Жумадилдиева сурат гирифт. Дар вохӯрӣ масъалаҳои низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, ислоҳоти соҳаи маориф, табодули таҷриба ва вазъи таълиму тарбия баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ аз Академияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи И. Алтинсарин сурат гирифт. Дар Академия аз ҷониби масъулин оид ба таҳияи стандарту барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ, фанҳои дақиқ ва таҳсилоти фарогир маълумот дода шуда, доир ба такмили таҳсилоти умумӣ, самтҳои асосии фаъолияти Маркази ташхиси адабиёти таълимӣ, бознигарии мазмуни таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон суҳбату машваратҳо доир гардид.
Дар охир Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи И.Алтинсарин ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳӣ корӣ бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳузур дошта, дар доираи ин сафар шиносоии амиқ аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар аст.