Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Дар шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» дар асоси ҷадвали баргузории Фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байн рафта ва ривоҷ додани санъати пухтани таомҳои миллӣ бо иштироки занон-кадбонуҳои моҳири шаҳри Ҳисор гузаронида шуд.
Тибқи хулосаи ҳакамони озмун, кадбонуҳои муассисаи давлатии Литсейи касбӣ-техникии шаҳр ҷойи аввал, Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ҷойи дуюм ва муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ҷойи сеюмро сазовор гардида, бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.