Дар Тоҷикистон бори нахуст технологияи биореактории истеҳсоли биогаз истифода мегардад
Дар шаҳри Хуҷанд миёни ширкати ватании “Нексигол Мушовир” ва ширкати байналмилалии “Sistema.bio” созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд, ки тибқи он аввалин маротиба дар Тоҷикистон технологияи биореактории истеҳсоли биогаз мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.
Дар зери созишномаи ҳамкорӣ Маҳинахон Сулеймонова, роҳбари ширкати “Нексигол Мушовир” ва Випин Кале, менеҷери калони лоиҳаҳои ширкати ” Sistema.bio” имзо гузоштанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар давоми соли 2024 “Нексигол Мушовир” фаъолият оид ба “Таблиғоти биореакторҳо дар Тоҷикистон”-ро дар доираи Лоиҳаи “Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ” (MDRD), ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ ва аз ҷониби ACDI/VOCA иҷро мешавад, амалӣ менамояд.
“Нексигол Мушовир” ин фаъолиятро дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ хоҳад кард.
Ба таъкиди Маҳинахон Сулеймонова ширкати зери роҳбариаш технологияи биореактории истеҳсоли биогазро, ки аз ҷиҳати истифодабарӣ соддаю аз ҷиҳати арзиш дастрас аст, мавриди санҷиш қарор дода, бо гузаронидани озмоишҳо онро бо шароити маҳаллии кишварамон мувофиқ кунонида, насб кардани ин низомро ба хоҷагиҳои чорводор пешкаш менамояд.
Мақсади асосӣ аз роҳандозии ин лоиҳа ноил шудан ба коҳиши партовҳои гази метан ва оксиди нитроген тавассути ҳамкориҳои муштарак дар рушди бозори биореакторҳо дар кишвар мебошад. Дар нақша ҳаст, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳа 8 қитъаи намоишӣ бо биореакторҳо бо 30% саҳмгузорӣ аз ҷониби деҳқонон ва соҳибкорони маҳаллӣ ташкил карда шаванд.
Технологияи биореактории истеҳсоли биогаз чӣ гуна технология аст? Технологияи биореактори гибридии биогаз барои коркарди поруи чорвою паррандаҳо пешбинӣ шуда, реактор поруи бо об омехташударо коркард намуда, биогаз ва бионурӣ истеҳсол мекунад. Биогазро метавон барои пухтани хӯрок ва ё гарм кардани об, инчунин гармхонаҳо, бионуриро бошад барои ҳосилхез намудани хок ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо истифода бурдан мумкин аст.
Ба иттилои мутахассисон биореактор ҳангоми истифодаи поруи чорвою паррандагони гуногун, ба монанди гов, гӯсфанд, буз, асп, мурғ ва ғайра кор мекунад. Аммо истифодаи поруи гов ва мурғ барои истеҳсоли биогаз нисбатан самаранок аст. Биореактор ҳамагуна намуди партовҳои органикӣ, аз ҷумла боқимондаҳои ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва появу барги растаниҳоро коркард карда метавонад.
Технологияи истеҳсоли муосири биогазро ширкати “Sistema.bio” таҳия кардааст ва он дар кишварҳои олам истифода мешавад. Ҳамакнун “Sistema.bio” бо ташкилоти “Нексигол Мушовир” барои паҳн кардани фоидаи биогаз дар Осиёи Марказӣ (аз Тоҷикистон оғоз карда) ҳамкорӣ мекунад.
Зимни имзои созишномаи ҳамкорӣ масъулини ҳарду ширкат қайд карданд, ки амалишавии лоиҳа ва фароҳам овардани имкониятҳо барои дастрасӣ ба технологияҳои ҳушмандонаи муҳитзистӣ норасоиҳоро дар низоми бозори Тоҷикистон бартараф мекунад ва имкон медиҳад, ки равиши инноватсионии идоракунии пору барои истеҳсоли биогаз ва бинуриҳо пешкаш шавад.
Дар маросими имзои созишномаи ҳамкорӣ сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров, директори Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Асадуллозода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов, мутахассиси Раёсати кишоварзии USAID дар Тоҷикистон Лу Виттенберг, муовини роҳбари Лоиҳаи “Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ” (MDRD) Сабоҳат Дӯстова низ иштирок карда, татбиқи лоиҳаи инноватсиониро барои рушди соҳаи кишоварзӣ муфид арзёбӣ карданд.
Тазаккур дода шуд, ки саҳми ташкилоти “Нексигол Мушовир”, ки 20 сол инҷониб фаъолият дорад, дар рушди агробизнес дар Тоҷикистон назаррас аст ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар ниҳоят ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад, ки он аз ҳадафҳои стратегии мамлакат маҳсуб меёбад.