Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуд
4 апрел дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқоту музокироти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.
Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Зимни вохӯрӣ аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ дар ҳама сатҳҳо таъкид шуда, рушди минбаъдаи фаъоли муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба манфиати ҳарду ҷониб муҳим номида шуд.
Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори нафту газ, химия ва металлургия, кооператсияи саноат, кишоварзӣ ва нақлиёту боркашониро муҳокима намуданд.
Густариши равобити байниминтақавӣ тавассути тавсеаи ҳамкории байни субъектҳо ва роҳандозии робитаҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои ду кишвар муҳим дониста шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд.
Доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дастгирии минбаъдаи ташаббусҳои глобалии якдигар мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва таҳкими ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дода шуд.